Имшаб, миёни шабхои дунёи шаби олист барои ту, Шабе, ки гуссахоро хандахо маглуб месозанд, шаби шодист барои ту . Ту имшаб аз гами дунё фаромуши Муборак бод! Муборак бод, хамогуши дар ин дунёи мадхуши. Ту медони! Имшаб ваъдагох холист, Дигар он сангхову сабзахо харгиз, Ба холи мо намегирянд, Дигар он ошикон чун Лайливу Мачнун, Барои хамдигар харгиз намемиранд. Дигар бо бусаи ширин ту оромам намесози, Дигар дар байтхои шеъри ман харгиз наменози. ........ Ту имшаб дар бари дигар канори бистари гарми, Вале, ман мисли як пайкар канори хонаи сардам. Ту имшаб, миёни хандаву шоди, Вале, ман кишвари дардам. Ту имшаб масти дунёи, Зи бахти хеш менози. Халолат бод Халолат бод азизи дил, Ба ин сон ишки навбози. Ту медони! Худоро аз бароят зора мекардам, Ки шояд они ман гарди. Дар ин дунёи танхойи, Ту шояд чони ман гарди. Вале, имруз донистам, Ки он марди канори ту Зи ман пештар Худо гуфта, Зи ман бештар дуо гуфта. Ман имшаб бори дигар номахоятро бихонам як ба як пас он дихам барбод, Ва зери лаб фигонсозон бигуям, ки барои ту чунин бегох, муборак бод! Муборак бод! Фирузи Азиз

Теги других блогов: приветствие имшаб миёни шаб