БАЪД АЗ ҲАЗОР СОЛ Баъд аз ҳазор сол Як рӯз субҳи лаҳзаи зодан фаро расид, Фарёди дардноки замин дар гулӯ шикаст, Заҳдони ӯ чу ҳалқаи чоҳе даҳон кушод, Ман ҳамчу кудак аз тани гармаш ҷудо шудам. Он гоҳ шӯри оташи дардаш фурӯ нишаст, Бархостам зи хок, Дар ҳалқаи тилоии чашмам нигоҳи субҳ Тобид ҳамчу партави хуршед дар нигин, Акнун насим дар дили ман бол мезанад. Акнун даруни синаи ман метапад замин. Акнун баҳор дар дили ман лона кардааст: Ман рӯиши сапеди ҳазорон ҷавонро Бар шохаҳои лахт, Ман бозии кабуди ҳазорон ситораро Дар чашмҳои дур, Ман ҷунбиши шабонаи ҳар абри пораро Дар осмони жарф, Ман гардиши асораи гарми ҳаётро Дар соқаи гиёҳи тар эҳсос мекунам. Ман набзи бесадои ҷамоду наботро Дар мағзу пӯсам, Дар хуну гӯштам Чун зарбаҳои қалби худ эҳсос мекунам. Пои маро чу решаи беоби нахли пир Дар жарфнои хок ба занҷир бастаанд, Аммо ҳанӯз дасти ман аз лобалои абр Монанди мушти бастаи гулдастаҳои шаҳр Сӯи ситраҳост, Дар панҷаҳои сӯхтааш машъали дуост! Бо ман дуо кунед, Эй шохаҳои хушк, Эй дастҳои сарди навозишнаёфта! Эй чашмҳои дур, Эй дидагони кур, Эй дар шумо ситораи шодӣ натофта! Ёри шумо манам. Ман бо ситораҳо, Ман бо парандаҳо, Ман бо шукуфаҳои саҳар зода мешавам. Ман бо насими ҳар нафаси ошно чу мавҷ Аз нав барои зистан омода мешавам! Чун мушти хашмгину гиреҳхурдаи дарахт Хуршедро миёни ду дастам гирифтаам. Хуршед дар ман аст, Дар ман уҷоқи муъҷиза рӯз рӯшан аст!.. НОДИРИ НОДИРПУР