Ба замин мезаниву мешиканӣ, Оқибат шишаи уммедеро. Сахт мағрурию месозӣ сард Дар диле оташи ҷовидеро. Дидамат, вой чӣ дидоре, вой, Ин чӣ дидори дилозоре буд?! Бегумон бурдаӣ аз ёд маро, Ки маро бо ту сару коре буд. Ин чӣ ишқест, ки дар дил дорам, Ман аз ин ишқ чӣ ҳосил дорам? Мегурезӣ зи ману дар талабат, Боз ҳам кӯшиши ботил дорам. Боз лабҳои аташкардаи ман, Ишқи сӯзони туро меҷӯяд. Метапад қалбаму бо ҳар тапише, Қиссаи ишқи туро меҷӯяд. Бахт агар аз ту ҷудоям карда, Мекушоям гираҳ аз бахт, чӣ бок Тарсам, ин ишқ саранҷоми маро, Бикашад то ба саропардаи хок. Хилвати холиву хомӯши маро, Ту пур аз хотира кардӣ, ай мард. Шеъри ман шӯълаи эҳсоси ман аст, Ту маро шоира кардӣ, ай мард. Оташи ишқ ба чашмат як дам, Ҷилвае карду саробе гардид. То маро волаву бесомон дид, Нақши афтода бар обе гардид. Синае, то ки бар он сар биниҳам, Домане, то ки бар он резам ашк. Ой, ай он ки ғами ишқат нест, Мебарам бар туву бар қалбат рашк. Ба замин мезаниву мешиканӣ, Оқибат шишаи уммедеро. Сахт мағрурию месозӣ сард Дар диле оташи ҷовидеро. Фуруғи Фаррухзод